Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Бинобар сардиҳои рӯзҳои оянда аз сафарҳои бе зарурат даст кашед!

Январь 21, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 22-23 январи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйир меёбад. Дар водиҳо борон борида, ба барфи тар табдил мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барфи сахт хоҳад борид. Ҳаво шабона то 10 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа сард (ғайр аз ВМКБ) мешавад.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар маслиҳат медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро ҳатман  риоя намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо ҳавои тираву туман ва сард пешгӯӣ мекунанд. Бинобар вуруди ҳавои сернами баҳри Миёназамин ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ сардӣ ва шамоли шадид имконпазир буда, дар водиҳо ба дарахтон ва симҳо часпидани барфи тар пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми боридани барфи тар агар шумо дар кӯча бошед, ба симҳои барқ диққат диҳед ва агар дидед, ки ҷойе сим аз вазнинии барфи тар ва ё боди сарду сахт канда шудааст, ҳатман ба хадамоти кумаки фаврӣ муроҷиат намоед.

Кумитаи ҳолатҳо фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандаҳо муроҷиат намуда, огоҳ месозад, ки дар сурати яхбандӣ, ҳавои пурборишу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд ва хуб мешуд аз сафарҳои бе зарурат даст кашанд.

Январь 21, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд