Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода роҷеъ ба филми «Бешарафӣ»

Январь 21, 2021 14:32

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки ба зикри муаллифони он, мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИКОВА дар ин робита андешаҳояшро чунин баён намуд:  

— Дар ин филм рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи узви ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ- ТЭТ ҲНИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, қотеъона маҳкум мегардад. Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки   Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои миллии худро ба даст овардааст, амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллиамонро боло медонад ва аз онҳо ҳимоя менамояд.

М. Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» бо «таҳлил»-ҳои кӯр-кӯрона ва чаласаводона сари ин ё он масъала суҳбат карда, бо тиҳимағзии хеш ошкор месозад, ки ғаразмандона ва бо супориши роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳамммаслаконашон ин корҳоро анҷом медиҳад. Ҳол он ки,  тавре аз тариқи ВАО огоҳем, худи ӯ ва ақрабонаш ба сиёҳкории гурӯҳеву ҳизбе алоқаманданду аз дасти онҳо нафарони зиёде ранҷ мебаранд ва бо ин ҳама боз бешармонаю бешарафона даҳон боз мекунанд.

Тавре дар филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода мешавад, чандин нафар, ки ба доми фиреби ин қаллоб даромада, то имрӯз азияташро мечашанд, рафторҳои разилонаи ӯро, ки аз амалҳои террористию экстремистии ТЭТ ҲНИ маншаъ мегиранд, шадидан маҳкум менамоянд. Онҳо ба мардум рӯ меоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба бофтаҳои чунин ашхос, ки мехоҳанд бо истифода аз дини мубини Ислом онҳоро барои манфиатҳои шахсии хеш истифода баранд, наафтанд.

-Хушбахтона, имрӯз мо ин ҳолатҳоро дар Тоҷикистон кам мебинем, чунки аз рӯзи нахуст роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ба неруи созандаю бунёдкори миллати худ такя намуда, тамоми иқдомоти некро баҳри рушди мамлакат ва мардуми он татбиқ намуда истодааст,-мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода.

Январь 21, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид