Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Рассоми наврас-2020»-ро ҷамъбаст намуд

Январь 12, 2021 15:38

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» Фестивал-озмуни  истеъдодҳои навраси мактабҳои рассомии бачагона ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид. 

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Обид Назариён зимни ифтитоҳи намоиш иброз намуд, ки Фестивал-озмун бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати тасвирӣ, инкишофи шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон байни наврасони лаёқатманд, инкишоф додани малакаҳои касбию ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Фестивал-озмун барои инъикоси анъанаҳои мардумӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорати ҷавондухтарону ҷавонписарон мусоидат мекунад.

Фестивал-озмуни мазкур аз соли 2016 то инҷониб аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он доираи васеи наврасон иштирок намуда,  соҳиби мукофот мегарданд. Ин озмун наврасонро дар ҷодаи касби интихобнамудаашон ҳавасманд мегардонад.

Тавре директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода дар суҳбат бо мо зикр намуд, даври аввали Фестивал-озмуни мазкур моҳи ноябри соли 2020 доир гардид. Дар он аз 9 муассисаи зертобеи Вазорати фарҳанги мамлакат 100 нафар наврасон бо пешниҳоди 300 кори эҷодӣ иштирок намуданд.  Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, имрӯз 31 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Иштирокчиёни Фестивал-озмун сол то сол зиёд гардида, наврасон талош менамоянд, ки расмҳои беҳтаринро ба озмун пешниҳод намоянд.  Иштирок дар чунин озмунҳо ба наврасон барои  дохил шудан ба коллеҷу муассисаҳои рассомӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Ба гуфти номбурда, дар Фестивал-озмун наврасони аз 5 то 18-сола иштирок карда метавонанд. Инчунин аз эҷодкорон санъати тасвирӣ ва амалӣ талаб карда мешавад. Ба санъати амалӣ ҳунарҳои мардумии заргарӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ ва наққошӣ дохил мешаванд.

Хонандаи Муассисаи давлатии миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Манижаи Маҳсудинзода дар озмуни мазкур ҷойи сеюмро ишғол намуда, дар суҳбат бо мо зикр дошт, ки нақша дорад ба озмунҳои минбаъда  расмҳои зеботар пешниҳод намуда, сазовори ҷойи аввал гардад. «Расм кашиданро ниҳоят дӯст медорам ва ҳамеша талош меварзам то дар озмунҳо иштирок намуда, ҳунари дастии худро ба тамошобинон пешкаш намоям»,-гуфт Манижа.

Дар интиҳои Фестивал-озмун ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюм бо Диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дигар  иштирокчиёни озмуни рассомони наврас бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Январь 12, 2021 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид