ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ. 262 сол муқаддам Осорхонаи Британия ифтитоҳ шуда буд. Дар он дастхатҳои пурарзиш, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва дигар нигораҳои миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 январи соли 1759 Осорхонаи Британия дар Лондон бори аввал дарҳои худро ба рӯи муштариён боз кард. Он аввалин осорхонаи шакли нав гардид: на ба калисо ва на ба шоҳигарӣ тааллуқ надошт ва кӯшиш мекард, ки дар коллексияҳои худ тамоми гуногунии фарҳанги инсониро инъикос кунад.
Даромад ба осорхона ройгон буд. Меҳмонони аввалин метавонистанд коллексияи се бритониёии машҳур ва муҳтарами он замон — табиб ва табиатшинос Ҳанс Слоан, граф Роберт Харли ва атиқашинос Роберт Коттонро бубинанд.
Арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон
Дар Осорхонаи Британия дастхатҳои зиёди олимон ва мутафаккирони тоҷик маҳфузанд. Масалан: дастнависҳои файласуфи бузург, табиатшинос ва табиб Абӯалӣ ибни Сино. Дар Осорхонаи Британия теъдоди онҳо 116 ададро ташкил медиҳад ва онҳо ба асрҳои XI-XIX тааллуқ доранд. Қадимтарин ва нодиртарини онҳо:
— «Ал-шифо» (1092), «Ал-Қонун фи ал-тибб» (1131), «Ал-ишарат ва-ал-танбиҳот» (1242), «Мақалаҳ фи ал-нафс» (1242) ва «Ал-Қонун фи ал-тибб» (1131) — «Конуни улуми тиб» мебошанд, ки дар тӯли асрҳо борҳо нусхабардорӣ ва нашр шудаанд;
— 28 дастнависи маҷмӯаи машҳури ҳадисҳои Имом Ал-Бухорӣ «Ал-ҷамиъ ас-саҳеҳ», ки ба асрҳои XII-XIX тааллуқ доранд. Таърихи қадимтарини инҳо соли 1185 мебошад;
— 20 дастхати Ал-Форобӣ мавҷуд аст, ки 17-тои онҳо ба асри XVII ва 3 -тои онҳо ба асри XVIII тааллуқ доранд. Аз ҷумла: «Рисала фи ъилм ал-фалсафа», «Ал-бурҳон ли-аристотилис», «Мақоалла фи ал-ҷамъбайна раъай афлотун ва-арасту» ва ғайра;
— ҳафт асари дастнависи олими бузург Ал-Берунӣ, ки ба асрҳои XII-XIX тааллуқ доранд, аз ҷумла 11 ҷилдии «Ал-қонун ал-Масъудӣ», ки ба солҳои 1174-1175 тааллуқ доранд;
— 27 асари минётураи устоди бузург Камолиддини Беҳзод мавҷуданд, ки ба солҳои 1442, 1490, 1494 ва 1520 тааллуқ доранд, дар баъзе минётурҳо ҳатто соядасти Беҳзод мавҷуд аст.
Ганҷинаи Амударё
Осорхонаи Британия (аз моҳи июни соли 2007 дар ҳуҷраи 52) инчунин Ганҷинаи Амударёро намоиш медиҳад. Ин маҷмӯа аз 170 осори қадимаи тиллоӣ ва нуқрагии давраи Ҳахоманишҳо (558-330 то милод) иборат мебошад, ки соли 1877 дар маҳалли бостонии Тахти Сангин дар соҳили дарёи Аму дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ёфт шудааст. Дар коллексия 1300 танга, зарфҳо, пайкарчаҳо, дастпонаҳо, медалҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ, ганҷҳои бошукӯҳ мавҷуданд.
Моҳи октябри соли 2020 АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ки ҳангоми кофтукови навбатӣ гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Донишгоҳи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои нодир, ба монанди гӯшвораҳои тиллоӣ, тангаҳои юнонӣ ва бохтарӣ, пораҳои сафолӣ пайдо кардаанд, ки онҳоро дар айни замон бостоншиносон мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф бурдан ба Тахти Сангин дар ноҳияи Кубодиёни вилояти Хатлон ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС аз бойгонӣ










Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






