ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ҳаммоми замонавӣ бунёд мешавад

Февраль 13, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Чорсуи Ҷамоати шаҳраки Муъминобод корҳои сохтмони иншооти муҳими хизматрасонӣ- ҳаммоми замонавӣ аз ҷониби шахси ҳимматбаланд Шералӣ Амиршоев барои сокинони  маҳаллаҳои ҷамоати мазкур ҷараён доранд.

Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Иншооти мазкур дар остонаи ҷашни фархундаи миллӣ- 30- солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардории сокинони маҳалла қарор мегирад. Бинои ҳаммом дуошёна буда, дар ошёнаи якуми он ҳаммоми замонавии занонаву мардона ва дар ошёнаи дуюм маркази хизматрасонӣ ҷой мегиранд.

Февраль 13, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад