Ҷаласаи якуми Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд

Февраль 25, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ҷаласаи якуми Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода изҳор намуд, ки “мехостам аз фурсати муносиб истифода бурда, дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Шӯрои миллии Федеролии АМА муҳтарам Сақр Ғубош ва шумоён- ҳамкорони гиромӣ расонам. Инчунин дар шахсияти Шумо ва ҳамкорони гиромии аморотӣ Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани барномаи илмии “Мисбор ал-Амал” (“Стантсияи автоматии байнисайёравии Умед”) табрик намоям. 9 феврали соли ҷорӣ радиозонди кайҳонии “Умед” ба мадори Миррих ворид гардид. Ҳамаи шумо ва дар шахси Шумо мардуми шарифи кишвари дӯстро бо ин дастоварди илмӣ ва таърихӣ табрик менамоям. АМА аввалин кишвари араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристодааст ва ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Мо аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор дорем ва шод ҳастем. Мавриди зикр аст, ки соли 2020 ду кишвари бародар ва дӯст 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил намуданд. Дар ин робита, табодули барқияҳои табрикӣ миёни Роҳбарони олии ду кишвар ва вазирони корҳои хориҷӣ сурат гирифт, ки аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дарак медиҳад”.

Файзулло Баротзода ҳамчунин иброз намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад.

Бояд гуфт, ки роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва АМА, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва АМА муҳокима гардида буданд.

“Мо боварии комил дорем, ки фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва АМА ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад”,-афзуд номбурда.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аз номи Парлумони Тоҷикистон ба Роҳбарияти олии сиёсии АМА барои расонидани кумаки хайриявии тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо бемории  КОВИД-19 миннатдории худро баён намуд.

Кумаки хайриявии тиббиро Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май ва октябри соли 2020 дар ҳаҷми умумии зиёда аз 20 тоннаи метрикӣ расонид. Дар давраи ҳамагирии КОВИД-19 АМА на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба бештар аз 120 кишвари ҷаҳон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 1650 тоннаи метрикӣ кумаки хайриявии тиббӣ расонидааст. Чунин иқдоми роҳбарияти олии сиёсии АМА ва Ҳукумати АМА аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ шудааст.

Дар ҷаласа ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи вакилони парлумони Амороти Муттаҳидаи Арабро бори дигар ба мавзӯи таъсиси Шӯрои соҳибкорон байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати АМА ҷалб намуд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Аморот ба имзо мерасад.

Ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба АМА, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал, ки аз лиҳози сифати экологӣ тоза ва органикӣ мебошанд, инчунин чорвои зинда ва маҳсулоти гӯштӣ метавонад яке аз самтҳои ҳамкории ояндадор маҳсуб гардад.

Тоҷикистон барои фаъол гардонидани ширкатҳои аморотӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳавасманд мебошад. Бори дигар таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳузури сармоягузорони кишвари ба мо дӯст ва бародар истиқбол ва  пуштибонӣ хоҳад кард.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин  Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Амороти Муттаҳидаи Араб бо Маҷлиси намояндагон хонум доктор Низол Муҳаммад Ал-Тунайҷӣ иброз кард, ки  ҳамкории наздик ва талошҳои мақомоти сиёсати хориҷии ҳар ду давлат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он ва Созмони ҳамкории исломӣ на танҳо мавқеи созандаи кишварҳоямонро дар рушди ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳким месозад, балки фаъолияти ин созмонҳоро таъсирбахш мегардонад.

Дар мулоқот ҳамчунин имконияти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои фарҳангии ҳарду кишвар дар ин чорабиниҳо таъкид карда шуд.

 

Февраль 25, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид