Амирхон Қурбонзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Душанбе 7 меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ барои солҳои 2020-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4201 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоиву саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон хабар дод.
Мавсуф афзуд, ки баҳри истиқболи ҷашни миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 7 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда 47 адад истгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ» 25 адад ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу купрӯкҳои шаҳри Душанбе» 22 адад ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар марҳилаи анҷом қарор доранд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар маҷмӯъ ба 2562 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 102 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






