Барномаи махсуси президенти ФФТ оид ба рушди футболи деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», инчунин нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» аз ҷониби департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» таҳия гардида, дурнамои рушди футболро дар деҳоти кишвар барои чор соли оянда муайян менамояд.
Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.
Дар доираи амалигардонии чорабиниҳои Барнома ҳамасола мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила гузаронида мешаванд.
Дар мусобиқа шахсони аз 18 то 35-сола иштирок менамоянд. Харҷҳо вобаста ба баргузории марҳилаи якум, дуюм ва сеюми мусобиқа: ҳаққи хизмати доварон, ловозимоти варзишӣ, ҷом, медалҳо, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ барои ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сарпарастон пардохт мешаванд.
Харҷҳои вобаста ба баргузории марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзишӣ футбол таъмин менамоянд.
Тибқи Нақшаи амалисозии Барнома соли 2023 таъсис додани Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст, ки таъсиси он ба пешрафти футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати нав мебахшад.
АКСҲО аз ФФТ








Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд






