Бо назардошти пандемия варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 124 медал ба даст оварданд

Февраль 16, 2021 15:45

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта 232 нафар варзишгарони тоҷик бо назардошти вазъияти пандемияи коронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 124 медал ворид намуданд.

Ба зикри мавсуф, агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал (113 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин рақам ба 5743 адад (1797 медали тилло, 1507 медали нуқра ва 2439 медали биринҷӣ) расидааст.

«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат 10 ҳазору 220 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки ба инҳо 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толорҳои варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмаа ва 807 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ дохил мешаванд.

-Шумораи иншооти варзишӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 10  маротиба зиёд гардидааст,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Февраль 16, 2021 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад