«Чанд паёми умедбахши Паём», «Бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ нашр намудаанд.
Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар шумораи № 21, душанбе, 1 феврали соли равон Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Сада нашр намудааст. Инчунин дар ин шумора вобаста ба хусусияти ҷашни Сада, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ҷараёни иншооти ҷашнӣ мавод интишор гардидаанд.
Дар шумораи №22, сешанбе, 2 феврал таҳти номи «Чанд паёми умедбахши Паём» маводе ба нашр расидааст. Дар он оварда шудааст, ки як силсила пешниҳодҳои ҷолиби дар Паём ироа намудаи Пешвои муаззами миллатамон, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар равона шудаанд, аз ҷониби ширкаткунандагон бо ваҷд пазируфта шуданд. Хусусан, пешниҳодҳои Сарвари давлат дар самти рушди илму маориф қобили таваҷҷуҳи хосса мебошад.
Ҳамчунин дар ин шумора шарҳи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» нашр гардидааст.
Дар шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият», №24, чоршанбе, 3 феврал- дар саҳифаи аввал таҳти унвони «Пешвои миллат дар вилояти Суғд» гузориш аз ҷараёни сафари Сарвари мамлакат интишор гардидааст. Инчунин шакли пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ва тағйиру иловаҳои дигари қонунҳои мамлакат нашр гардидаанд.
Дар саҳифаҳои дигари ин шумора таҳти унвони «Калиди муваффақият ва саодати миллӣ», «Бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем!», «Паёми раҳкушои Пешво ба фардои дурахшон», «Ҳифзи саломатии мардум- масъалаи меҳварии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ» ва дигар маводу гузоришҳо аз ҷараёни нишасти матбуотӣ инъикос гардидаанд.
«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи сешанбе, 2 феврал соли 2021, №13-14 (4275-4276) Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Сада ва тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст.
Дар шумораи навбатии ин нашрия №15-16 (4277-4278), панҷшанбе, 4 феврали соли 2021 дар радифи хабару гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишастҳои матбуотӣ, инчунин маводе таҳти сарлавҳаи «Паём-муайянкунандаи дурнамои рушди устувор», «Ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид» нашр шудаанд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/ дар шумораи 3 феврали соли 2021, чоршанбе, №5 (1299) Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сафари кории пешвои миллатро ба вилояти Суғд ба нашр расонидааст. Инчунин зери сарлавҳаҳои «Натиҷагирии фаъолияти «Истиқлол», «Роҳнамои музаффариятҳо», «Кашфи чоҳи нафт дар шимоли кишвар», «Ифротгароиро бояд пешгирӣ кард» ва дигар хабару гузоришҳои ҳафтаи сипаригардидаро мунташир намудааст.
«Народная газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи № 5 (20286) 3 феврали соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Сада ва сафари Сарвари давлат ба вилояти Суғд, инчунин қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакатро чоп намудааст.
Ҳамзамон нашрияи расмии «НГ» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, ба монанди «О Человек и Педагоге с большой буквы», «Подведены итоги работы банковской системы Таджикистана за 2020 год», «Депутаты приняли ряд соглашений» ва дигар маводро мунташир намудааст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»