Дабири кулли СММ тақсимоти ваксинаҳои зидди COVID-19-ро дар ҷаҳон нобаробар ва ноодилона номид

Февраль 18, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тақсимоти ваксинаҳо алайҳи коронавируси нав дар ҷаҳон ноодилона ва нобаробар сурат мегирад ва ин метавонад боиси ба таври ҷиддӣ мураккаб шудани мубориза бо пандемия гардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ роҳбари маъмурии созмони умумиҷаҳонӣ Антонио Гутерриш изҳор доштааст.

«Мо бояд коре бикунем, ки ҳамаи одамон дар ҳама ҷо имкон дошта бошанд, ки ҳарчи зудтар бо ваксина эм карда шаванд», — зикр кард Дабири кулли СММ.  — Аммо, пешрафт дар боби марбут ба ваксинаҳо ба андозаи қобили мулоҳиза нобаробар ва ноодилона буд».

Гутерриш зикр кард, ки «75% ҳамаи эмгузарониҳо зидди COVID-19 танҳо дар 10 кишвар сурат гирифтаанд». «Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 130 кишвар ягон вояи [ваксина] нагирифтаанд», — таъкид кард Дабири кулли СММ.

Тавре ки роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иброз дошт, «агар ба вирус маҷоли густариш дода шавад», дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, пас «гунаҳои нав ба нави он пайдо хоҳанд шуд». «Гунаҳои нав метавонанд уфунитар, марговартар бошанд ва эҳтимол метавонанд ба самаранокии ваксинаҳо ва усулҳои ташхис ба таври ҷиддӣ таҳдид кунанд», — гуфт Гутерриш. Тавре ӯ таъкид кард, «аз ин сабаб пандемия метавонад ба таври назаррас идома ёбад» ва вирус доимо ба кишварҳои пешрафта интиқол хоҳад ёфт.

АКСИ ТАСС

Февраль 18, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон