Дар ғарби Тоҷикистон минтақаи саноатӣ бунёд мегардад

Февраль 13, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар масоҳати 21 гектар минтақаи саноатӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус  12 феврал раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  минтақаи саноатӣ дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар шафати  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, дар он беш аз даҳ корхонаи саноатӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ машғул хоҳанд шуд, ба истифода дода мешаванд.

Бунёди минтақаи саноатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳолест, ки Раиси шаҳри Турсунзода аз афзоиши ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр дар соли 2020 хабар дода, гуфт, ки соли гузашта дар шаҳри Турсунзода беш аз 870 миллион сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 64 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Февраль 13, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст