Дар атрофи Кобули Афғонистон бар асари ҳамла ба корвони мошинҳои СММ панҷ нафар кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи гузашта дар ноҳияи Сурeбbи Кобул як корвони мошинҳои Созмони Милали Муттаҳид мавриди ҳамла қарор гирифт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Ariana News» бо истинод ба Намояндагии кумакҳои СММ дар Афғонистон гузориш дод.
Дар ин ҳодиса панҷ корманди Хадамоти муҳофизати Афғонистон, ки корвони мошинҳои СММ-ро ҳамроҳӣ мекарданд, кушта шуданд.
«Дар натиҷаи ҳамла ба мошини Хадамоти муҳофизат, ки корвони СММ-ро ҳамроҳӣ мекард, кормандони СММ ва мошини онҳо осеб надидаанд», — навиштааст Намояндагии кумакҳои СММ дар Афғонистон дар «Twitter».
Дар зимн, муовини Намояндаи махсуси Дабири кулл оид ба Афғонистон Рамиз Алакбаров ба оилаҳои афсарони ҳалокшуда изҳори тасаллӣ намуд.
«Фикру дуоҳои ман бо оилаҳои афсароне, ки ба хотири муофизати кормандони мо фавтидаанд, ҳастанд. СММ ба Ҳукумати Афғонистон таъзияи амиқ баён кард. Хушунат дар Афғонистон бояд хотима ёбад», — гуфт ӯ.
Тибқи иттилои манобеъ, ин ҳодиса дар шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод рух додааст.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






