Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гӯштини миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, раёсатҳои гумрук, андоз, агентии маводи нашъаовар, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, комендатураи ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода ва гражданӣ, гумрук, Гвардияи миллӣ ва РАНДММКҶТ-и вилоят фаъолона иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссариати ҳарбии вилоят баргузор гардид.
Ногуфта намонад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои аз 60 то +100 кг иштирок карданд, аз ҷумла, дар вазнҳои:
— 60кг- Фаридҷони Мамадрузӣ аз РВКД, Марод Ниёзмамадов аз РҲФМГ, Муродали Юлдошов аз Гвардия, Саидислом Одинаев аз РҚС КДАМ ҶТ,
-65 кг- Амин Мирмамадов аз ҚҲ, Фаридуни Назаралӣ аз Гвардия, Алишер Қурбонзода аз РАНМН, Сорбон Абдуҳофизов аз андоз
— 70 кг- Худодод Сербаргаев аз РҲФМГ, Паншер Одинаев аз ҚҲ, Мансур Абдулазизӣ аз Гвардия, Абдуғафори Ҷумъазод аз РВКД
-75кг- Салмон Раҳмихудоев аз гумрук, Насим Ҳакимов аз РКДАМ Ширинбек Нурмамадов аз РҲФМГ, Сорбон Раҳимов аз РКДАМ
— 80кг- Асад Собиров аз ХДО, Шуҳрат Заренов аз Андоз, Набӣ Мируллоев аз РВКД, Файзалӣ Имомиддинов аз РКДАМ
— 86кг- Тутиё Карамхудоев аз ХДО, Ниёз Асматбеков аз РВКД Шакармамад Паноев аз РАНМН, Абдулло Исмонов аз ҚҲ
-90кг Малик Шошоев аз РВКД, Акбар Ёрматов аз РКДАМ, Акбар Зарипов аз РАНМН, Раҳматулло Хайруллозода аз ГВАРДИЯ
-100кг- Шоҳруз Сулаймоншоев аз РАНДМКҶТ Манучеҳр Шоҳмуродзода аз РКДАМ, Нурӣ Қаландарбеков аз РАНМН Саидҷафари Ғайратшо аз РКДАМ
+100кг- Иматшо Гулдасташоев аз РҲФМГ, Руслан Зарифбеков аз РВКД Зафар Тобшоев аз РҚС КДАМ ҶТ, Нурулло Раҷабов аз РКДАМ
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






