Дар Душанбе доир ба фаҳмонидани ҳадафу моҳияти Паёми Пешвои миллат силсилавохӯриҳо ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати мамлакатро барои як сол ва солҳои оянда мушаххас намудааст. Ин нукта 5 феврал зимни баргузории мулоқот доир ба ҳадафу моҳияти Паёми Президенти мамлакат дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону масъулини сохторҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баён гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, вохӯриҳо бо намояндагони қишрҳои ҷомеа доир ба Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то 16 феврал идома меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки Паёми навбатиро метавон ҳамчун сарчашмаи саодати маънавӣ ва дастуру раҳнамои воқеии худшиносии миллӣ унвон кард. Зеро Президенти ҷумҳурӣ забон ва гиромидошти он, мутолиаи китоб, фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифию тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва мероси ғании бузургони миллатро, ки саршори ғояҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд, меҳисобанд. Зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки насли ҷавони мамлакат бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Бояд тазакр дод, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар чунин мулоқотҳо дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи имсол ироа гардида буд, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






