Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт оғоз ёфт

Февраль 18, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои миллату давлат ва Президентам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт оғоз ёфт. Фестивал бахшида ба таҷлили 28-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 7 рӯз- аз 17 то 23 феврал дар заминаи тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.

Фестивал дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  ташкил гардид.

Самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рўҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ аз ҳадафҳои Фестивал мебошад.

Дар  Фестивал дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъанд, дар саҳни майдони Гвардияи миллӣ нишон дода шуданд, ки дар ин маросим масъулини  шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе ва беш аз 700 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ҳузур доштанд. Фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, дар доираи он мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр гузаронида шуда, доир намудани  барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи «Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб дар назар аст.

Даври аввали фестивал байни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди пойтахт аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук ва марҳилаи дуюм дар сатҳи пойтахт баргузор мегардад.

Ба истиснои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар доираи фестивал дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлол: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Пос доштани обу хоки Ватан-рисолати ҷавонмардист» бо пешниҳоди роликҳои тарғиботӣ, ташкили мулоқоту суҳбатҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар Донишкадаи олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист!» ва аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзўи «Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!» бо тақсими беш аз 5000 варақаҳои иттилоотӣ ва 500 китобҳои ватандӯстона доир карда мешаванд.

Ғолибони мусобиқаҳои варзишии марҳилаи 2-юм 22 феврал дар ҷамъбасти Фестивал бо Диплом, медал ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.

Февраль 18, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд