Дар Ишкошим ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ин ноҳия баргузор гардид

Февраль 26, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро 3 масъала: ҳисоботи раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода дар бораи фаъолияти Шӯро дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тасдиқ намудани ҳайати нави Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия раиси Шӯро, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода сухан гуфта, оид ба фаъолияти аъзои Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ҳисобот дод.

Мавсуф фаъолияти аъзои Шӯроро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар узви Шӯро бояд баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ пайваста кӯшиш намояд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Ғуломмамад Савлатов зикр намуд, ки ҳар яки моро зарур аст бо дарки баланди масъулият татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи худ қарор дода,  вазифаҳои худро муайян намоем, дар пешрафти ҷомеаю беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда  сарҷамъ бошем.

Февраль 26, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст