Дар Ишкошим ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ин ноҳия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро 3 масъала: ҳисоботи раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода дар бораи фаъолияти Шӯро дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тасдиқ намудани ҳайати нави Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия раиси Шӯро, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода сухан гуфта, оид ба фаъолияти аъзои Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ҳисобот дод.
Мавсуф фаъолияти аъзои Шӯроро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар узви Шӯро бояд баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ пайваста кӯшиш намояд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Ғуломмамад Савлатов зикр намуд, ки ҳар яки моро зарур аст бо дарки баланди масъулият татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи худ қарор дода, вазифаҳои худро муайян намоем, дар пешрафти ҷомеаю беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда сарҷамъ бошем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






