Дар Кӯлоб Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуршукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ доир карда шуд.
Ҳамоиш бо иштироки афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода иштироккунандагонро ба муносибати солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар душвортарин марҳилаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаанд, воқеан мактаби бузурги ҷавонмардӣ ва ҷасорату ватандӯстиянд.
Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол сарзаминест, ки дар он зану фарзанд, модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунанд. Сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.
Дар хатми ҳамоиш як зумра фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфоз гардонида шуданд.










Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






