Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералӣ.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуд, ки дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар ба тариқи раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии мухталиф асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи башарӣ эълон намуд, ки ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, барои ҳифзи дастовардҳо ва камолоти он тамоми кӯшишро ба харҷ дода, таъмин, ҳимоя ва такмили манфиатҳои миллии хешро ҳадафи аслӣ қарор додааст ва метавонад дар ҳама ҳолат ин арзишҳоро ҳифз кунад.
Сарчашмаҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди истифода пешниҳод намуда, аввалин маротиба дар таърихи таълифи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст.
Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ба амалӣ намудани марому мақсадҳои дар он гузоштаи миллати куҳанбунёдамон, барои бунёди давлати муосире, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар ҳамин радиф ба зиммаи мақомоти прокуратура, ки дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, вазифаи назорати дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Он ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо равона гардидааст.
Таъкид гардид, ки барои ҳифзи арзишҳои Конститутсия ва таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузории амалкунанда мақомоти прокуратура бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз дар ҳамкории бевосита қарор дошта, барои пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ба хусус ҷавонон доимо чораҳои заруриро татбиқ мекунад.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






