Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мусобиқаи волейбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни панҷ дастаи муҳассилини Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни курси 2 ҷойи аввал ва Ҷоми раёсатро соҳиб шуда, муҳассилини курсҳои 3 ва 1 зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо ифтихорномаҳои раёсат қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи варзишӣ бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстӣ доир гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






