Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион бех ниҳолҳо шинонида мешаванд

Февраль 2, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  мамлакат шинонидани беш аз 1 миллиону  28 ҳазор  бех ниҳоли  дарахтони  ҳамешасабзи  ороишӣ  ва мевадиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода, ки имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод садо дод, дар фасли тирамоҳи соли гузашта дар мамлакат зиёда аз 122 ҳазор  ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ  ва мевадиҳанда  шинонида шудааст. Аз он 27 ҳазору 539  бех ниҳолҳои сояафкан, 91 ҳазору 644 бех  ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ  ва беш аз 14 ҳазор  бех ниҳолҳои дарахтони  мевадиҳанда  мебошанд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат гуфт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани  кӯчаю хиёбон  ва гулгаштҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ  ва сабзазоркунӣ  дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 3,8 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар масоҳати зиёда аз 13,4 метри мураббаъ майса кишт гардидааст.

Дар ҳудуди пойтахт, хусусан дар мавзеъҳои  сайру гашти сокинон ва боғу гулгаштҳо зиёда аз 3,3 миллион  гулҳои мавсимии ороишӣ ва қариб 80 ҳазор  бех ниҳолҳои дарахтони  ҳамшасабзи  ороишӣ ва мевадиҳанда бо риояи қоидаҳои  агротехникӣ  шинонида шудаанд. Нигоҳубини ниҳолу дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда зери  назорати қатъии Кумита ва мақомоти зертобеи он қарор дорад.

Февраль 2, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд