Дар МОИ «Кӯлоб» бинои маъмурӣ ва дидбонгоҳи гумрукӣ сохта мешавад

Февраль 16, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон сохтмони бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дидбонгоҳи гумрукии он оғоз мегардад, ки метавонад ба рушди инфрасохтори минтақаи мазкур заминаи устувор гузорад.

Ин дар ҳолест, ки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтмонию ободкорӣ аз  Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуда,  дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Зикр шуд, ки  корҳои сохтмони марҳилаи аввали панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботи муқарраргардида бо тӯли 800 метр анҷом ёфта, дарозии умумии панҷарабандии атрофи он 9,3 км – ро ташкил дода, марҳила ба марҳила пурра панҷарабандӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии нахустин субъект — ҶДММ «Тоҷик Алмос» оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ оғоз гардида, бо маром идома доранд.

Февраль 16, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд