Дар натиҷаи таркиш дар Кунари Афғонистон панҷ корманди полис ҷон бохтанд

Февраль 15, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи телевизиони Афғонистон TOLOnews 13 феврал хабар додааст, ки шаби гузашта як автомашинаи ҳомили неруҳои полис дар вулусволии Чапа Дараи вилояти Кунари Афғонистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар”.

Дин Муҳаммад, узви Шӯрои вилоятии Кунар ба TOLOnews гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш панҷ корманди полис, аз ҷумла як фармондеҳи онҳо ба номи Фирӯз кушта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 13 феврал як мошини бомбагузоришуда дар вулусволии Арғандоби вилояти Қандаҳор низ таркида буд.

Автомашинаи бомбагузоришуда дар минтақаи Кӯҳаки Арғандоб дар назди автомашинаи кормандони полис тарконида шуд ва 12 корманди полисро захмӣ кард.

Фарид Машъал, сардори амнияти қумондонии полиси Қандаҳор изҳор доштааст, ки ин таркиш як мактаб ва чандин хонаҳои наздикро низ вайрон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи таркиши як минаи канори роҳ дар ноҳияи дуввуми шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор се ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Ин таркишҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки сатҳи хушунат дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Февраль 15, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид