Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 83 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст

Февраль 6, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 06.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 195 иншооте, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  сохта мешаванд, 162 адади он аллакай ба истифода дода шудааст.

Чунин посух дод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода, ки ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ мебошад. Аз ҷумла, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иншооти гуногуни соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва якчанд биноҳои маъмурӣ ба истифода дода мешаванд. Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказии ноҳия таъмиру таҷдид мегарданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки  иншооти ҷашнии  дар ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ бунёшаванда дорои таъйиноти гуногун буда, қисмати бештари онҳо дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Бунёди иншооти ҷашнӣ ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия мусоидат менамояд.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Хатлон буда, дорои 8 ҷамоати деҳот ва 170 ҳазор аҳолӣ  мебошад.

Февраль 6, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд