Дар Париж мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ оид ба бокс баргузор намегардад
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс барои Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки қарор буд моҳи июн дар шаҳри Парижи Франсия баргузор шавад, барҳам дода шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
53 роҳхат, ки бояд дар ин мусобиқа дода мешуд, акнун дар асоси раддабандӣ тақсим карда мешаванд ва беҳтарин муштзанҳои ҳар категорияи вазнии ҳамаи қитъаҳо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Мусобиқаи интихобии қораи Аврупо, ки ду маротиба ба таъхир афтод ва ин бор Лондон аз мизбонӣ даст кашид, моҳи июн доир мешавад, вале ҷои баргузории мусобиқа ҳоло маълум нест.
Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс эълон кард, ки тағйирот дар системаи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхати олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё мекунад. Пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес аз 10 то 16 май макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс барои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ интихоб шуд. Соли гузашта дар Урдун мусобиқаи интихобӣ барои Осиё/Уқёнус ва дар Сенегал барои Африқо доир гардида буд.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи Осиё/Уқёнус ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов дар вазни -64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аввалин роҳхатҳои олимпиро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд. Ҳарду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки аз 23 июл то 9 августи соли 2021 доир мешавад, омодагӣ мебинанд.
Раддабандии гурӯҳи кории КБО оид ба бокс пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳои интихобии қоравӣ тартиб дода шуда, барои тақсимоти 53 ҷой – 32 ҷой барои мардон ва 21 ҷой барои бонувон истифода мешавад. Мусобиқаҳои интихобии олимпии боксро, пас аз он ки КБО моҳи майи соли 2019 бо сабаби мушкилот дар мудирият, молия ва ахлоқ эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро муваққатан боз хонд, гурӯҳи кории КБО бо роҳбарии Моринаре Ватанабеи японӣ, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика баргузор мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






