Дар шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз ҳазор нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ сурат гирифт.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Фестивали мазкур бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар маросими баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Дар Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола аз рӯи 2 намуди бозиҳо: намудҳои сабқат, рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ иштирок намуданд. Инчунин дар Фестивал бозиҳои сабқат ва рақобати даставӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ намоиш дода шуданд.
Дар ҷараёни Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бозиҳои хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмолпартоӣ, ҳойталак ва бандпарак ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зикр гардид, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар пойтахт минбаъд ҳар сол, хосса давоми соли 2021 дар се марҳила бахшида ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, марҳилаҳои баргузории намудҳои варзишии он тариқи ВАО эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади инкишоф, эҳё ва ба таври васеъ тарғиб намудани намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ, ки беш аз 151 намудро ташкил медиҳанд, бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис дода шуд.













Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






