Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 548 килограмм маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ нобуд карда шуд
ВАҲДАТ, 02.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат соли 2020 796 намунаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузарониданд, ки аз ин шумора 16 ҳолати он ғайристандартӣ дониста шуда, ба миқдори зиёда аз 548 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, нон, чойи хушк, равғани растанӣ, нӯшокиҳои машруботӣ ва маҳсулоти қаннодии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯнабуда дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд гардонида шуд. Дар ин бора директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамчунин дар ин давра 1764 воситаҳои ченак аз тарафи бахши воситаҳои ченак аз назорати давлатӣ гузаронида шуда, бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин гардиданд.
Пулод Мирализода гуфт, ки соли гузашта 400 нуқта дар соҳаи савдо, 73 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 6 сартарошхона, 8 нуқтаи таъмири таҷҳизоти нақлиёт, 1 меҳмонхона, 2 истироҳатгоҳ, 3 нуқтаи хизматрасони бозорҳо ва 17 нуқтаи ҳамаи намуди хизматрасонии ихтиёрӣ бо шаҳодатномаи кору хизмат таъмин карда шуданд. Ҳамзамон ба корхонаҳои истеҳсолӣ 132 адад сертификати мутобиқат дода шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






