Дар Тоҷикистон ҳаштумин мавсими бозиҳои Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон оғоз мегардад

Февраль 5, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи оғози бозиҳои футбол Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон «Футбол ба назди шумо меояд» ҷаласа баргузор намуд, ки дар он санаи шурӯи Лига муайян карда шуд.  Имсол Лига ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар 7 феврал, соати 10:00 оғоз меёбад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқоте, ки таҳти роҳбарии директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков баргузор гардид, намояндагони Лигаи вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Душанбе иштирок карданд. Иштирокдорони маҷлис муқаррарот ва навовариҳои лоиҳаи ин мавсимро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мавсими ҷорӣ бозиҳои Лига аз рӯи се категорияи синну сол дар байни кӯдакони на калонтар аз 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, иваз кардани бозигарон ҳатмӣ аст, то ҳамаи кӯдакон имконияти якхелаи вақти бозӣ дошта бошанд.

Пас аз нишаст ба масъулини федератсияҳои минтақавии футбол калтачаҳо, тӯб, тӯри дарвоза ва либос барои ризокорон (ихтиёриён) тақдим карда шуд.

Tcell бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд» ба насли ҷавон ғамхорӣ зоҳир мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.

Дар мавсими гузашта дар бозиҳои Лига 18600 нафар кӯдакон аз саросари Тоҷикистон ширкат варзиданд.

АКС аз ФФТ

Февраль 5, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд