Дар Тоҷикистон Нақшаи миллии сармоягузорӣ барои соҳаи кишоварзӣ таҳия карда мешавад

Февраль 9, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии сармоягузорӣ барои соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия карда мешавад. Масъалаҳои марбут ба таҳияи ин Нақша чанде қабл зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев матраҳ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати молия хабар медиҳад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1995 дар асоси Барномаи кишварӣ барои солҳои 2016-2017, ки аз ҷониби ФАО ва Ҳукумати кишвар дар мувофиқа бо шарикони рушд таҳия шудааст, роҳандозӣ менамояд.

Барномаи кишварӣ дар самтҳои амнияти устувори озуқаворӣ ва ғизо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва афзоиши устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳосилнокии устувор ва рақобатпазири кишоварзӣ бо таваҷҷуҳ ба чорводорӣ, тибби байторӣ ва интенсификатсияи зироаткорӣ амалӣ мегардад.

Бо фаъолияти ФАО дар Тоҷикистон Стратегияи миллии амнияти озуқаворӣ ва Барномаи давравии Созмони Милали Муттаҳид барои Рушд (UNDAF) барои Тоҷикистон 2016-2020 алоқаманд аст.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои амалигардида бо ФАО дар Тоҷикистон, инчунин дастгириҳои ФАО ва дигар ташкилоти байналмилалии молиявӣ ҷиҳати пешгирии таъсири пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19 ибрози миннатдорӣ намуд.

Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев зикр намуд, ки соли 2020 саҳми ФАО дар Тоҷикистон 2,83 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, аз он 2,16 млн доллари амрикоӣ татбиқ гардидааст.

АКС аз Вазорати молияи ҶТ

Февраль 9, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад