Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи федералии воҳиди давлатии ВКД Россия “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ” ифтитоҳ мешавад

Февраль 6, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои фаврӣ баҳри таъмини шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон бобати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо ва гирифтани иҷозати мақомоти соҳавии давлати иқомат, инчунин ворид гардидани гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия  дар Москва мулоқоти  роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия  Зоҳир Мирзозода бо директори генералии Корхонаи федералии воҳиди давлатии “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ” —  ВКД  Россия  (ФГУП “Паспортно-визовый сервис”) Сергей Машин баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ФР Садбарг БОҚӢ иттилоъ дод.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбари корхона иброз дошт, ки механизми воридшавии шаҳрвандони ИДМ тариқи КФВД “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ”  ба роҳ андохта шудааст ва маҳз бо ин мақсад ҳафтаи гузашта барои ифтитоҳи намояндагии КФВД ВКД ФР онҳо бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд. С.  Машин афзуд, ки феълан Корхонаи воҳиди федералии давлатии ВКД Россия ифтитоҳи намояндагиашро дар  Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.  Ба гуфти ӯ, баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ дар ин  робита бо Тоҷикистон дар оянда раванди муҳоҷиратиро сода гардонида, муҳлат ва тартиби ҳуҷҷатгузориро барои фаъолияти меҳнатӣ,  аз ҷумла гирифтани патент ба таври назаррас кам ва осон  мегардонад. Дар ин ҳолат тамоми ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат омода шуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Россия онҳо танҳо патенти тайёрро давоми 5-7 рӯзи  ба даст меоранд ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамоянд.

Ҳамзамон дар намояндагии болозикр санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон ҷиҳати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо дар ФР (доштани манъи воридот ва ҳалномаҳои судӣ оид ба ихроҷ) ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сафари шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, пешгирӣ шавад ва онҳоро аз хароҷоти беҳудаи харидории чиптаи ҳавопаймо ва баргардонида шудан аз ҷониби сарҳадбонони Россия нигоҳ дорад.

Зоҳир Мирзозода иттилоъ дод, ки ҳоло дар Тоҷикистон шумораи беморони COVID – 19 ба сифр расида, ангезандаи ин беморӣ комилан нобуд шудааст. Кулли чораҳои зиддиэпидемикӣ роҳандозӣ гардида, муоина ва сертификати тиббӣ дар ин ҷода ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ки ин омилҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вазъияти имрӯзаи фарогирии бемории сироятӣ бартарӣ медиҳанд. Дар баробари ин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барӯйхатгирии муҳоҷирони меҳнатиро тибқи ихтисосу малакаи зарурии талаботи бозори меҳнатии Россия роҳандозӣ ва онҳоро муташаккилона  равон намояд.

Дар хотимаи суҳбат ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории муштарак дар самти таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори муносиб мусоидат менамоянд.

Февраль 6, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад