Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи федералии воҳиди давлатии ВКД Россия “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ” ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои фаврӣ баҳри таъмини шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон бобати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо ва гирифтани иҷозати мақомоти соҳавии давлати иқомат, инчунин ворид гардидани гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия дар Москва мулоқоти роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Зоҳир Мирзозода бо директори генералии Корхонаи федералии воҳиди давлатии “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ” — ВКД Россия (ФГУП “Паспортно-визовый сервис”) Сергей Машин баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ФР Садбарг БОҚӢ иттилоъ дод.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбари корхона иброз дошт, ки механизми воридшавии шаҳрвандони ИДМ тариқи КФВД “Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ” ба роҳ андохта шудааст ва маҳз бо ин мақсад ҳафтаи гузашта барои ифтитоҳи намояндагии КФВД ВКД ФР онҳо бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд. С. Машин афзуд, ки феълан Корхонаи воҳиди федералии давлатии ВКД Россия ифтитоҳи намояндагиашро дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад. Ба гуфти ӯ, баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ дар ин робита бо Тоҷикистон дар оянда раванди муҳоҷиратиро сода гардонида, муҳлат ва тартиби ҳуҷҷатгузориро барои фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла гирифтани патент ба таври назаррас кам ва осон мегардонад. Дар ин ҳолат тамоми ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат омода шуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Россия онҳо танҳо патенти тайёрро давоми 5-7 рӯзи ба даст меоранд ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамоянд.
Ҳамзамон дар намояндагии болозикр санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон ҷиҳати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо дар ФР (доштани манъи воридот ва ҳалномаҳои судӣ оид ба ихроҷ) ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сафари шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, пешгирӣ шавад ва онҳоро аз хароҷоти беҳудаи харидории чиптаи ҳавопаймо ва баргардонида шудан аз ҷониби сарҳадбонони Россия нигоҳ дорад.
Зоҳир Мирзозода иттилоъ дод, ки ҳоло дар Тоҷикистон шумораи беморони COVID – 19 ба сифр расида, ангезандаи ин беморӣ комилан нобуд шудааст. Кулли чораҳои зиддиэпидемикӣ роҳандозӣ гардида, муоина ва сертификати тиббӣ дар ин ҷода ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ки ин омилҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вазъияти имрӯзаи фарогирии бемории сироятӣ бартарӣ медиҳанд. Дар баробари ин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барӯйхатгирии муҳоҷирони меҳнатиро тибқи ихтисосу малакаи зарурии талаботи бозори меҳнатии Россия роҳандозӣ ва онҳоро муташаккилона равон намояд.
Дар хотимаи суҳбат ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории муштарак дар самти таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори муносиб мусоидат менамоянд.








Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд






