Дар Турсунзода ба як оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба як оилаи ниёзманди деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода Искандар Ҳасанов, ки маъюби гурӯҳи 2 –юм мебошад, манзили истиқоматӣ иборат аз се ҳуҷра тақдим гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдоми наҷиб дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони бо нангу номуси ҷамоати деҳоти Регар роҳандозӣ гардид.
Аҳли оилаи Искандар Ҳасанов ба Сарвар давлат ва дигар шахсони масъул барои анҷоми чунин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мояи хушҳолист, ки солҳои охир ин иқдоми нек — таъмини оилаҳои ниёзманд ва маъюб бо манзили зист меафзояд ва расонидани чунин кумак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана медарояд.
Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.
Чанде пеш аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов як модари тоҷик Ситора Сафарова, ки соҳиби панҷ фарзанд мебошад, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардид.
Манзили истиқоматии Ситора Сафарова дар маркази шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҳусейнзода 10/1, хона навбунёди замонавӣ) ҷойгир буда, аз се ҳуҷра (130 метри мураббаъ) иборат аст, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор, хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст.

Дар ҷараёни тақдими хона соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки «ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери ғамхории доимии Сарвари давлат қарор доранд».
Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10, 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






