Дар Турсунзода намоиши техника ва мошинолоти кишоварзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода беш аз 1900 техникаи кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 1652-тои он ба мавсими кишт омода мебошанд. То оғози мавсими кишт шумораи дигари техникаҳо низ аз таъмир бароварда шуда, ба кишт сафарбар мегарданд. Инчунин 595 испор, 40 тухмипош, 261 сихмола, 17 заминҳамворкунак, 1164 ядакҳои тракторӣ, 30 култиватор ва дигар мошинолоти замонавӣ ҷиҳати хизмат ба кишоварзон дар хоҷагиҳо омодаанд. Дар ин давра ҳамаи техникаҳои шаклҳои хоҷагидорӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, бо мусоид омадани ҳаво аз 1 марти соли равон кишти баҳорӣ муташаккилона идома меёбад.
Дар ин бора зимни баргузории намоиши омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар маркази шаҳри Турсунзода, ки дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иштирок доштанд, иттилоъ дода шуд.
Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Азимҷон Назарзода дар ин намоишгоҳ вобаста ба омодагии техника ва мошинолоти соҳаи кишоварзии шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва иброз дошт, ки хизмати шабонарӯзии ронандагони ин техникаҳо буд, ки то имрӯз кишоварзони шаҳр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4456 гектар гандум, 724 гектар картошкаи барвақтӣ ва дар майдони 31 гектар гармхонаҳо помидору бодирин ва қаламфури тезу булғорӣ кишт намудаанд. Кишоварзони шаҳр тасмим гирифтанд, ки аз ин техникаю мошинолотҳои замонавӣ самаранок истифода намуда, дар соли 2021 зиёда аз 4020 гектар шолӣ ва дигар сабзавоту зироатҳои ниёзи аввалро сари вақл кишт намоянду дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми калон дошта бошанд.
Ин аст, ки дар соли 2020 кишоварзони шаҳри Турсунзода бо заҳматҳои шабонарӯзии худ нисбат ба соли 2019 зиёда аз 10 ҳазор тонна зиёд шолӣ истеҳсол намудаанд, ки дар нигоҳ доштани мувозинати нархи биринҷ дар бозорҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Сармуҳандиси ҶДММ “Агросаноат” Шоназаров Акмал гуфт, ки мо ҳамагӣ 40 адад техника дорем, ки қисми зиёди онҳо аз давлати Олмон ворид карда шудааст. ҶДММ “Агросаноат” соҳиби 750 гектар замин мебошад, ки мутназам ин техника дар хизмати кишоварзони хоҷагӣ қарор доранд. Замини хоҷагӣ пурра шудгори тирамоҳӣ карда шудааст ва айни замон барои кишти баҳорӣ пурра омода мебошад. Техникаҳои асосӣ, ки Аврупоӣ мебошад, хароҷоти сузишворияшон кам буда, бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ба кишоварзони хоҷагӣ дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд.











«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






