Дар як шабонарӯз дар ҷаҳон зиёда аз 395 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Февраль 1, 2021 16:14

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон дар як шабонарӯз беш аз 395 ҳазор афзоиш ёфта, аз 103,52 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба маълумоти имрӯз интишорнамудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 1 феврал, ба СУТ дар бораи 103 527 156 сироятшуда ва 2 237 772 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар як шабонарӯз 395 465 нафар ва фавтидагон 9 292 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 26 767 229. Баъд аз он Ҳиндустон (10 758 619), Бразилия (9 204 731), Россия (3 850 439), Британияи Кабир (3 817 176), Франсия (3 197 114), Испания (2 830 478), Италия (2 553 032), Туркия (2 477 463), Германия (2 225 659), Колумбия (2 094 884) ва Аргентина (1 927 239) қарор доранд.

АКС аз манобеи боз

Февраль 1, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон