ДАРАХТ БИНШОН! Дар Айнӣ беш аз 250 бех ниҳолҳои сояафкан ва арчаи навъи тӯякӣ шинонида шуданд

Февраль 15, 2021 11:30

 ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва ду тарафи роҳи ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ-Айнӣ беш аз 250 бех ниҳоли сояафкану арчаи навъи тӯякӣ шинонида шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маъракаи ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ бо мақсади ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани  мамлакат  дар доираи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар  он кормандони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Ҳафтаи сипаришуда аз тарафи сокинон ва кормандони муассисаву ташкилоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар ин мавзеъ 500 бех ниҳолҳои сояафкани арчаи навъи тӯякӣ ва можавелник шинонида шуданд. Иқдоми мазкур  минбаъд низ идома ёфта,  дар назар аст дар оянда дар минтақаҳои мувофиқ дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан диёри хешро сабзу хуррам мегардонанд.

Февраль 15, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд