Дастаҳои «Равшан», «Хатлон» ва «Истиқлол» бозиҳои аввали Ҷоми ФФТ-ро бо ғалаба оғоз карданд

Февраль 12, 2021 08:24

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ оғоз гардид. Дар бозии аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Мастчоҳ»- и ноҳияи Мастчоҳ ба ҳам омаданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи футболбозони шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар оғози бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари дастаи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Наврӯз Рустамов ҷаримаи 11-метраро бехато иҷро намуда, ҳисобро кушод. Бо гузаштани 7 дақиқа Муҳсин Рустамзода аз дастаи «Мастчоҳ» таносубро барқарор намуд. Гуаве Алфред Окаи, легионери дастаи «Равшан» дар дақиқаи 41-уми дидор як гол зада, дубора дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввал бо ҳамин натиҷа поён ёфт.

Дар дақиқаи 70-ум футболбози дастаи «Мастчоҳ» Салоҳиддин Одиназода баробариро дар ҳисоб таъмин сохт. Аз дақиқаи 80-ум то охири дидор шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов ба дарвозаи футболбозони ин дастаи вилояти Суғд 3 гол заданд. Дар дақиқаи 80-ум Аваз Қамчинов ҳисобро 3 бар 2 намуд. Дар дақиқаи 90-ум Шодӣ Муродов голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 2-юми изофа Далер Чалов ба бозӣ нуқта гузошт. Бо ҳамин тартиб дар рақобати аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо ҳисоби калони 5 бар 2  дастаи   «Мастчоҳ»-и  ноҳияи Масчоҳро мағлуб намуд

Дар бозии дигар  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби 2:0 КМВА-ро мағлуб кард.Дар гурӯҳи  «Б», ки дар он се даста бозӣ мекунад, вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и  шаҳри Ҳисор ва «Хатлон»-и  шаҳри  Бохтар доир шуд. Футболбозони бохтарӣ дар ин бозӣ ба дарвозаи барқчиён 5 голи беҷавоб заданд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 шанбе, 13 феврал доир хоҳанд шуд. Дар даври дуюм, дар гурӯҳи  «А»  дастаҳои футболи   «Истиқлол»-и  шаҳри  Душанбе  бо «Мастчоҳ»-и  ноҳияи Мастчоҳ, КМВА- и Душанбе  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  байни ҳам рақобат мекунанд.

Февраль 12, 2021 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид