Дастаи миллии футболи Тоҷикистон нахустин бозии дӯстонаро дар Дубай баргузор намуд

Февраль 2, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон нахустин бозии дӯстонаро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бо дастаи  миллии Урдун баргузор кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуда, бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2: 0 хотима ёфт.

Рӯзи ҷумъаи 5 феврал дастаҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон бозии дуввуми дӯстонаро дар Дубай баргузор мекунанд. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН  (2:0)

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

5 феврал (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 19:00

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

 

АКС аз ФФТ

Февраль 2, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад