Дастаи шашкабозони Кумитаи рушди сайёҳӣ ба дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ мушарраф гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шоҳмоту шашка, ки байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир гардид, дар бозии шашка сазовори ҷойи аввал гардид.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусобиқаи мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафаш оммавигардонии варзиш ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ талош дорад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим аз тамоми имконият самаранок истифода карда, ҷиҳати заминагузорӣ дар солимии миллат ҳамчун боигарии давлат ҳиссаи арзишманд гузорад.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






