Дастури «Толибон»* ба аъзои ин гурӯҳ: ба ҷангҷӯёни хориҷӣ паноҳ надиҳед

Февраль 24, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи низомии «Толибон»* ба ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар тамоми вилоятҳои кишвар дастур додааст, ки аз паноҳ додан ба ҷангҷӯёни хориҷӣ дар сафҳояшон худдорӣ кунанд, хабар имрӯз медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Дар нусхаи қарори комиссияи низомии «Толибон»*, ки ба TOLOnews расидааст, омадааст, ки ҷангҷӯёни «Толибон»* аз ҷо ба ҷо намудани ҷангҷӯёни хориҷӣ дар сафҳои ин гурӯҳ ва худсарона паноҳгоҳ додан ба онҳо  худдорӣ кунанд.

Дар ин қарор ҳушдор дода шудааст, ки ҳар гоҳе чунин коре сурат бигирад, масъулони вилоятии «Толибон»* аз мақоми худ барканор, воҳидҳои ҷангиашон пароканда ва барои ҷазо додан ба комиссияи низомӣ пешниҳод мешаванд.

 

АКС аз манбаҳои боз

 

_______________

* «Толибон» — ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар

Февраль 24, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд