Давронҷон Эргашев бо дастаи «Бунёдкор»-и Тошканд барои як мавсими дигар шартномаашро тамдид кард

Февраль 19, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бозингари  шинохтаи  32- солаи дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Давронҷон Эргашев шартномаи худро бо дастаи футболи   «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд барои як мавсими дигар тамдид кард. Давронҷон Эргашев қаблан дар дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Жетису»-и Қазоқистон, «Габала»-и  Озорбойҷон ва «Тараз»-и Қазоқистон низ бозӣ кардааст.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдовар  мешавем, ки  ин бозингари  шинохтаи тоҷик аз соли 2020 инҷониб дар дастаи футболи «Бунёдкор»-и  шаҳри Тошканди  Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Февраль 19, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд