Дороиҳо ва сармояи «Амонатбонк» афзоиш ёфта, пардохтпазирияш дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шудааст

Февраль 9, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба мушкилоти соли 2020 пардохтпазирии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор  гузаронида шуданд. Ҳамзамон дороиҳо ва сармояи «Амонатбонк» афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус Раиси бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷидиин Икромӣ имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки то 31 декабри соли 2020 дороиҳои «Амонатбонк» 4,9 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 4,5 миллиард  сомониро ташкил  доданд, ки дар қиёс ба соли 2019  мутаносибан 19,4 % ва 20,9 % зиёд мебошад.

Инчунин соли гузашта сармояи «Амонатбонк» 6,8 фоиз  афзоиш ёфта,  ба 458 миллион сомонӣ  баробар шудааст. Даромади софи бонк дар ин давра 51,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки  нисбат ба соли 2019  22 фоиз зиёд аст. Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк аз рӯи фаъолияти худ  ба андозаи 96,3  миллион сомонӣ  андозу пардохтҳои ҳатмиро  ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019  15, 7 миллион сомонӣ ва ё 19,5 фоиз зиёд  мебошад.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» роҳбари бонк таъкид кард, ки ҳоло Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба зиёда аз 22 ҳазор корхонаю  ташкилот, беш аз 750 ҳазор нафар нафақагирони  мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион нафар пасандозгузорон  тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии  бонкӣ бо теъдоди қариб 3000 нафар кормандон  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хизмат мерасонад.

Февраль 9, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд