Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ иштирок мекунанд

Февраль 18, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  20-21 феврал дар шаҳри Эрзуруми Туркия мусобиқаи навбатии Федератсияи байналмилалии лижаронӣ (FIS) – Ҷоми Анатолиа баргузор мешавад. Дар ин бора аз  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур, ки танҳо аз рӯи равияи слалом миёни мардон ва бонувон баргузор мешаванд, ду варзишгари тоҷик – Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа дар сурати иҷро кардани меъёрҳои муайяннамудаи FIS имкон доранд соҳиби роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Сайфиддин Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 баргузор мешаванд, талош менамоянд. Онҳо чанде пеш дар мусобиқаи FIS дар Орловкаи Қирғизистон иштирок намуда буданд.

Февраль 18, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд