ФУТБОЛ: Бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё тақвими марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022-ро дар моҳи марти соли ҷорӣ эълон кард. Аксари бозиҳо ба моҳи июн гузаронида шудаанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии Чемпионати ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.
Илова ба бозии Тоҷикистон — Муғулистон, боз се бозии дигари мусобиқаи интихобии ЧҶ — 2022 дар Осиё моҳи март баргузор мешаванд — Арабистони Саудӣ — Яман (25 март, Риёз), Непал — Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Япония (30 март, Чиба, Ҷопон).
Бояд таъкид намуд, ки ки моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) бозӣ мекунад.
Ҷоми Ҷаҳон 2022
Мусобиқаи интихобӣ
Даври дуюм. Гурӯҳи «F». Даври 7-ум
25 март (панҷшанбе)
Оғоз — соати 18:00
ТОҶИКИСТОН — Муғулистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






