Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 414 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 2641 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарон ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шуданд.
Аз ҷумла, роҳбарони Маҷлиси намояндагон 420 нафар ва аъзои кумитаю комиссияҳо 2221 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд. Ин матлабро корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Талабшоҳ Шарифзода зимни баррасии «Ҷамъбасти баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳо 142 муроҷиати хаттӣ ва 789 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳри Душанбе, 94 муроҷиати хаттӣ ва 632 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Суғд, 100 муроҷиати хаттӣ ва 578 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Хатлон, 5 муроҷиати хаттӣ ва 138 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 65 муроҷиати хаттӣ ва 444 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 8 муроҷиати хаттӣ ва 60 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.
Давоми соли 2020 ба кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон 391 ва шуъбаҳои дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 23 муроҷиати хаттӣ ворид гардидаанд. Аксари муроҷиатҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Аз 391 муроҷиати хаттӣ баррасии 354 адади он таҳти назорат қарор дода шуда, аз ин шумора талабу дархости 246 нафар муроҷиаткунанда пурра, муроҷиати 25 нафар қисман ҳалли худро ёфтааст. Ба 83 нафар муроҷиаткунанда моҳияти мавзӯи дар муроҷиат ба миён гузошташуда фаҳмонда шуда, ба талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ набудани ин муроҷиатҳо шарҳ дода шудааст. Айни ҳол, 60 муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати кумитаҳо ва сохторҳои дигари Маҷлиси намояндагон қарор доранд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи он муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ намуда, ҷиҳати сари вақт андешидани тадбирҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии воридшавии такрории муроҷиатҳо ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти давлатӣ корҳои назаррас ба сомон расонидаанд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои ба Маҷлиси намояндагон воридгардидаи шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зиёд аст. Ин ҳолат пурра истифода нашудани ваколату имконияти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва баъзе вазорату идораҳои дахлдорро дар самти ҳал намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






