Холмурод Раҳмон: Идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз «Барқи Тоҷик» 287,2 миллион сомонӣ қарздоранд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» 287,2 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки 77,2 млн сомонии онро қарзи соли 2020 ташкил медиҳад.
Сабабҳои асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди Ширкати «Барқи Тоҷик»-ро мавсуф ба паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои неруи барқ рабт дод.
«Ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати устувор намудани фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодааст»,- гуфт Холмурод Раҳмон.
Ба зикри ӯ, имрӯз дар мамлакат 339 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият намуда, ба 379 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 50 фоизи заминҳои обёрии ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






