Ҳимояи Ватан ифтихору шараф аст,-бардошт аз ҳамоиши идона дар шаҳри Хоруғ

Февраль 23, 2021 11:04

ХОРУҒ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори  Донишгоҳи давлатии  Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, ректори донишгоҳ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода, корманди дастгоҳи раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Гулзорхон  Юсуфзода ҳозиринро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки расо 28 сол пеш, 23 феврали 1993 дар рӯзҳои басо душвору таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд ва дар печутоби роҳи душвори истиқлол, таҳкими Ваҳдати миллӣ чун ҳомӣ ва сипари давлату миллат хизмат намуданд.

«Артиши ҷавони миллӣ дар солҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безараргардонии гурӯҳҳои ифротгарою ҷинояткор саҳми босазо гузошт. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд».

Ректори донишгоҳ  зикр кард, ки Артиши миллӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре таҳкиму тақвият ёфт, ки имрӯз ба куллӣ қодир аст давлати моро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо муҳофизат намояд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аҳли толорро ба ифтихори ид табрик намуда, иброз дошт, ки «муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан  осон набуда, он заҳмати зиёд, бедорию зиракӣ, иродаву қатъият, устувориву матонат, ҷасорату далерӣ, душворписандӣ ва ҷонбозию фидокорӣ мехоҳад. Бе муболиға, имрӯз гуфтан ҷоиз аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо омодагии баланди сиёсию ҳарбӣ зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишварро таъмин намуда, дар муқобили аъмоли зишти ҷомеа ва ҳифзи рифоҳу амнияти миллӣ ҳиссаи сазовор доранд».

Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ як гурӯҳ устодону донишҷӯён ва варзишгарон бо ифтихорнома, сипоснома ва медал сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 23, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд