Имрӯз дар шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад, ки дар он шаш варзишгари маъруфи тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ширкат меварзанд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.
17 феврал дар шаҳри Тел Авив рақибони паҳлавонони кишвар муайян шуданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (-73кг) бо ғолиби ҷуфти Рока Салвадор Касес (Испания) — Стодолски Адам (Полша), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) бо паҳлавони ӯзбек – Ҷалолиддин Бойназаров, ва Акмал Муродов (-81кг) бо Александр Вечерзак (Германия) қувваозмоӣ мекунанд.
Дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо Юто Виллар-Галаррето (Перу), Темур Раҳимов бо Ерасл Кажибаев (Қазоқистон) ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итах (Исроил) байни ҳам рақобат мекунанд
Чун анъана дар рӯзи аввал – 18 феврал қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегиранд. Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон танҳо аз рӯи раддабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2021 мегарданд.
Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
Хотиррасон мешавем,ки аз 18 то 20 феврали соли равон дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор мешавад.









ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ






