Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 оғоз мешаванд

Февраль 17, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Имрӯз, 17 феврал  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои  ½-финалии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  ва  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар баргузор мегарданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии сеюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб   15 феврал  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо натиҷаи калони 4:0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  хотима ёфт. Новобаста аз натиҷаи ин рақобат дастаҳо қабл аз муҳлат роҳхати даври нимниҳоиро ба даст оварда буданд.

Ҳамчунин  дар бозии дигар дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода бар дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри  Ҳисор ғалаба карда, роҳхати охиринро ба даври нимфинали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 ба даст овард. Бозии дастаҳо   дар доираи даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ доир гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони шаҳри  Турсунзода анҷом ёфт.

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи финалӣ

Гурӯҳи «А». Бозии 3-юм

«Равшан» – «Истиқлол» — 0:4

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 63 (0:1), Алишер Ҷалилов, 67 (0:2), Рустам Соиров 75, (0:3), Рустам Соиров, 90+2 (0:4)

«Мастчоҳ» – КМВА – 2:3

Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи финалӣ

Гурӯҳи «Б». 3-юм давр

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2 …..   Варзишгоҳи марказии  шаҳри Ҳисор

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).

Февраль 17, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд