Имрӯз се паҳлавонони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam-2021 бо ҳарифҳояшон рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз се паҳлавонони маъруфи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 бо ҳарифҳояшон рақобат мекунанд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, мусобиқаи мазкур 18 феврал оғоз шуда, дар рӯзи якуми он рақобатҳо миёни бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг ва миёни мардон дар ду вазн -60кг ва 66-кг сурат гирифтанд.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан иттилоъ дода буд, дар мусобиқаи мазкур шаш варзишгари маъруфи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок доранд.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.
Бонувон
-48 кг
1.Ширин Бокули (Фаронса)
- Даря Белодед (Украина)
- Андреа Стоядинов (Сербия)
-52 кг
- Челси Ҷайлс (Британияи Кабир)
- Гили Коэн (Исроил)
3.Река Пуп (Маҷористон)
-57 кг
- Тимна Нелсон-Леви (Исроил)
- Сара-Леони Сизик (Фаронса)
3.Этери Липертиана (Гурҷистон)
Мардон
-60 кг
1.Довуд Маҳмадсойи, (Озарбойҷон)
2.Темур Нозадзона (Гурҷистон)
- Гусман Кыргызбаев (Қазоқистон)
-66кг
1.Мартин Алберто (Испания)
2.Дмитрий Минкоу (Белоруссия)
3.Сардор Нураллиев (Ӯзбекистон)
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон танҳо аз рӯи раддабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2021 мегарданд.
Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки аз 18 то 20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор мешавад.








Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд






